• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 24 December 2018 09:44
There are no translations available.

Ҳимояи боз як рисолаи номзадӣ дар бахши иқтисодиёт

Санаи 12-юми декабри соли ҷорӣ устоди донишгоҳ Зиёев Бунёд Сайбурҳонҷонович рисолаи илмии номзадии худро дар мавзӯи Совершенствование механизма регулирования землепользования в условиях аридного региона (на материалах Хатлонской области Республики Таджикистан) аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақавӣ) дар шӯрои диссертатсионии якҷояи Д 999.020.02 дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудратов Рустам Раҳматович бо муваффақият ҳимоя намуд.

 
Monday, 24 December 2018 08:45
There are no translations available.

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба чакан ва анҷоми Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар донишгоҳ санаи 22-юми декабр ба шарафи дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият шомил шудани чакан  чорабинии тантанавии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинии ҷашнӣ, ки бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон идома ёфт, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

 
Thursday, 20 December 2018 15:47
There are no translations available.

Маҳфили илмию адабӣ бахшида ба гиромидошти Сайидои Насафӣ

Дар толори факултети филологияи тоҷик санаи 20-уми декабр ба муносибати 400-солагии суханвари бузурги тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони “Мақоми Сайидои Насафӣ дар шеъру адаби тоҷик” баргузор шуд. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ширкат намуда, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир маърӯзаҳо шунида шуд ва барномаи адабӣ бо қироати шеърҳо аз сурудаҳои шоир пешкаш гардид.

 
Wednesday, 19 December 2018 16:42
There are no translations available.

Намоиши филми «Марди роҳ» дар донишгоҳ

Санаи 19-уми декабр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” манзури донишҷӯёну устодон гардонида шуд. Дар ин филм кору фаъолияти созанда ва хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасвир ёфтааст.

 
Monday, 17 December 2018 15:13
There are no translations available.

ФАРОГИРИИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ БА ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Баларус ба номи Максим Танк беш аз 25 нафар омӯзгорони донишгоҳ ба такмили ихтисос аз рӯи барномаи таълимии “Омӯзиши фишурда: усули ташкили раванди таълим” фаро гирифта шуданд. Барномаи мазкур дар донишгоҳ 17-уми декабр оғоз ёфта, 36 соати таълимиро фаро мегирад.

 
Monday, 17 December 2018 08:32
There are no translations available.

Баргузории конфронс оид ба проблемаҳои таълими салоҳиятнок

Санаи 15-уми декабр дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Проблемаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва технологияи информатсионӣ” оғоз ёфт. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронси илмӣ-амалӣ, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, олимону муҳаққиқони соҳа ва аспирантону донишҷӯён ширкат варзиданд.

 
Saturday, 15 December 2018 15:25
There are no translations available.

Забон – пайвандгари тамаддунҳо

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ санаи 15-уми декабр дар толори калони бинои асосии донишгоҳ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Забон – пайвандгари тамаддунҳо” доир гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конфронсро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Байдуллоев оғоз бахшида, дар он олимону муҳаққиқон аз Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла докторҳои илми педагогика С.Афғонов ва И.Каримова, доктори илми фалсафа Ф.Худойдодов ва мудири кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ А.Умаров маърӯза намуданд.

 


Page 213 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в