• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Saturday, 06 January 2018 07:03
There are no translations available.

Ҷавонон муқобили терроризм

Тероризм ва экстримизм дар баробари вирусҳои компютерӣ дар шабакаи интернетӣ яке аз проблемаи асосӣ буда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав равона шуда аст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Қаблан бештар писарон шомили ин равияҳои тундрав будаанд, имрӯз духтарон низ ба

 
Saturday, 06 January 2018 06:58
There are no translations available.

Маърифати сиёсии ҷомеа ва омилҳои ба он таъсиркунанда

Ҷомеаи имрўза пур аз рангорангӣ, ихтилофот ва тазодҳои мухталиф буда, дар назди ҳар як инсони комил вазифагузорӣ менамояд ва масъулияти баландро тақозо дорад. Дар давраи истиқлолият бунёдкориҳои бузург ҷомеаро фарогир буда, пеш аз ҳама аз сулҳу осоиштагӣ дар кишвар иртибот дорад. Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради баланди сиёсиро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд аз рўи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсии хеш дар раванди сиёсӣ бошуурона ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ, қабули ин ё он қарори сиёсӣ бояд

 
Saturday, 06 January 2018 06:49
There are no translations available.

Ислом ва сиёсигардонии он!

Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷидди мисли ифротгароӣ ва терроризм рў ба рў шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегўянд ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тўли таърих ҳамроҳӣ намуданд, беасос иест. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Ҳоло касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад cap задааст. Дар ахди қадим,

 
Saturday, 06 January 2018 06:18
There are no translations available.

Ҳайфи он ҷавонмардони гумроҳи миллат

Сулҳу ваҳдат ва рушду нумӯъи бемайлони Ватанро дида, бо худ ифтихор меварзам, ки дар чунин сарзамини биҳиштосо зода шудаам. Дар чунин диёре, ки баҳорашро хазон вайрон натавон кард. Мо миллати бонангу ори тоҷик пеш аз ҳама фахр мекунем, ки дар сарзамине арзи ҳастӣ намудаем, дар он иттиҳоду якдигарфаҳмӣ реша давондааст. Вале афсус имрӯз вабои муосир ба баъзе ҷавонмардони тоҷик сироят кардааст, ки мо мардуми тоҷик онро шадидан маҳкум намуда, қабулаш надорем. Ин вабо вабои тафриту ифротгароии динист.

 
Friday, 05 January 2018 05:07
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА ЭҲТИРОМИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Башарият дар фосилаи таърихии ташаккули худ барои муттаҳидию сарҷамъӣ, ифтихори миллӣ, ғурури миллӣ ва дастёбӣ ба музафариятҳои бештар, ҳамзамон пешгирӣ аз нифоқу ҷудоӣ ва низову зиддиятҳо воситаҳои гуногунеро истифода намудааст. Дар ин замина воситаҳое, ки бештар боэътимод гардидаву ҷомеаро хубтар муттаҳид намудаанд ҳамчун муқаддасот эътироф гардида, гиромӣ дошта мешаванд. Чунин воситаҳо дар давраҳои таърихӣ хеле

 
Friday, 05 January 2018 05:01
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ.

Дар дунёи мутамаддин ҳар як миллату халқиятро бо фарҳанг ва арзишҳои хоси худ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҷавҳари ҳастии ҳар як миллат ва сарчашмаи ташаккули он ва дар маҷмўъ унсури таркибии миллат арзишҳои он мебошанд. Хушбахтона миллати фарҳангсолори тоҷбарсари мо аз азал арзишҳои хосеро дар худ эҷоду эҳё намудааст, ки ҷавҳари аслии онро инсондўстию фарҳангсолорӣ, илмдўстию ҷавонмардӣ, шуҷоату мардонагӣ, созандагию бунёдкорӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллию ҷаҳонӣ ташкил медиҳад. Сулҳдўстию сулҳпарварӣ ва башардўстию раъиятпарварӣ яке аз он

 
Friday, 05 January 2018 04:53
There are no translations available.

ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРӣ.

Табиати инсон ҳамчунон сохта шудааст, ки ҳамеша ниёзманди арзишҳо ва шароитҳои хосса мебошад. Миёни тоифаҳои ҷомеа бештари ниёзҳо ҳам аз ҷиҳати моддию маънавӣ ва ҳам берун аз он ба ҷавонон рабт доранд. Худи ҷомеа ва идомаи ҳастии он бошад ба ҷавонон. Миёни арзишҳое, ки ҷавонон ба онҳо эҳтиёҷи бештар доранд ва онҳо метавонанд сарчашмаи асосии хушбахтии тамоми ҷомеа бошанд дар меҳвари асосӣ дарки масъулияти ватандорӣ меистад. Муҳаббат ба Ватан дар ҳиссиёт ва қалби мо ҷавонон бояд чун умри мо ҳар лаҳза зиёда гардаду самари зиёд диҳад. Инсон дар ҳаёт масъулияти

 


Page 244 of 306
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в