Monday, 30 January 2023 02:46 |
There are no translations available.
РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ИЛМУ ТАРБИЯ ЯК НИЗОМИ МУШТАРАК АСТ
Имрӯз, дар таърихи 28 январи соли 2023 тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаи қисми илм баргузор гардид, ки дар он муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Наҳтулло Айнуллозода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Дониёр, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Назарзода Нигора, сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев Соҳибназар, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шаҳриёр Мирзозода, мудири шӯъбаи табъу нашр Мардонзода Ҷобир, мудири китобхона Наимов Зариф, декани факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва як зумра устодон ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур масоили марбут ба ҳарсе самти фаъолияти устодони донишгоҳ, махсусан сарбории омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Наҳтулло Айнуллозода доир ба ҳаҷми соатҳо ва тақсимоти онҳо аз рӯи самтҳо, Дониёр Сангинзод перомуни фаъолияти илмии устодон, таҳияи мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғ., Идиев Соҳибназар дар бораи нақшаи солонаи иҷрои корҳои илмӣ, Наимов Зариф доири рисолати омӯзгор ва Мардонзода Ҷобир оиди талабот нисбати таҳияи мақолаҳои илмиву илмӣ-оммавӣ сухан ронданд.
|
Saturday, 28 January 2023 08:09 |
There are no translations available.
САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ
Дар таърихи 28 январи соли 2023 дар факултети математика ба истиқболи ҷашни Сада чорабинии фарҳангӣ баргузор карда шуд, ки дар он мудири шӯъбаи тарбия Алланазаров Ш., раиси Шӯрои занон Давлатзода М., садорат ва устодону донишҷӯёни факултет иштирок карданд. Чорабиниро декани факултет Зикирзода Ҳ. оғоз намуда, перомуни Сада ва аҳамияти таҷлили он сухан ронд. Мавсуф дар рафти суханронӣ аз ҷумла зикр кард, ки аҳамияти таҷлили ин ҷашни аҷдодиро Пешвои миллат чунин арзёбӣ намудаанд: “Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, давраи ниҳолшинонӣ, тайёрӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.”
|
Thursday, 26 January 2023 10:49 |
There are no translations available.
ИБОДУЛЛОЗОДА: ТАҶРИБАОМӮЗИИ ДОНИШҶӮЁН МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОМӮЗГОРРО АЗ МИЁН МЕБАРАД
Имрӯз, 26 январи соли 2023 Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо 883 нафар донишҷӯёни курсҳои 3-юму 4-уми ихтисосҳои омӯзгорӣ, ки тибқи шартнома ба 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ сафарбар мешаванд, мулоқот анҷом дод.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки маҳз таҷрибаомӯзӣ донишҷӯро бо рисолати муқаддаси омӯзгор ошно месозад ва имкон медиҳад, ки малакаву маҳорат ва донишҳои андӯхтаи худро такмил дода, худро ҳамчун мутахассиси ҷавони дорои хислатҳои баланди ахлоқӣ, ба хонандагон меҳрубон ва нисбати касби худ садоқатманд муаррифӣ намоянд.
|
Thursday, 26 January 2023 07:44 |
There are no translations available.
ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР БОБИ ТАРҒИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Дар таърихи 26 январи соли 2023 бо ибтикори маъмурияти Маркази таълимии касбомӯзии шаҳри Норак, ки аз ҷумлаи сохторҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад, ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, омӯзгорону шунавандадухтарони курсҳои ҳисобдорӣ ва дӯзандагӣ иштирок намуданд. Директори марказ Саидов Баҳодур тавассути суҳбати телефонӣ зикр кард, ки ҳамоиши мазкур таҳти унвони “Озмуни “ Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”- омили худшиносии миллӣ” бо роҳбарии корманди бахши кадрҳо Маҳбуба Каримова ҷараён гирифта, ҳадафи асосии он ҷалб кардани довталабон ҷиҳати иштирок дар озмуни мазкур мебошад.
|
Tuesday, 24 January 2023 08:10 |
There are no translations available.
ДАСТОВАРДИ ИЛМИИ ОЛИМИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
Чӣ тавре, ки маълум аст, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии факултети математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Назаров Аҳтам Пулотович методи гузаронидани корҳои контролиро бо номи “Методи Пулот” эҷод кардааст. Дар заминаи методи мазкур якчанд барномаҳои компютериро сохтааст, ки натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Белоруссия низ мавриди истифода мебошад. Дар ин баробар дотсент Назаров А.П. оид ба илмҳои методикаи таълими математика ва информатика, таърихи информатика, барномасозӣ ва амсоли инҳо мақолаҳои пурмазмуни илмию методиро нашр менамояд. Дар шумораи №3 (3), 2020, саҳ. 32-36 Паёми Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, (Серияи 2. Педагогика ва психология, назария ва методикаи таълим) мақолаи илмии ӯ таҳти унвони “Давраҳои таърихии таълими информатика дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” ба табъ расида буд, ки таваҷҷуҳи доираи олимон ва методистони Федератсияи Россияро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳамин асос мақолаи мазкур ба озмуни байналхалқии XXV “Ташкилоти умумироссиягии коркардҳои илмӣ-тадқиқотии Россия” “ОНР ПТСАЙНС” пешниҳод шудааст, ки ин падида боиси ифтихори мо мебошад.
|
Tuesday, 24 January 2023 06:09 |
There are no translations available.
БАРРАСИИ КОРҲОИ ТАШКИЛӢ ҶИҲАТИ ОҒОЗИ НИМСОЛАИ ДУЮМИ ТАҲСИЛ
Тибқи дастури ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин дар факултетҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор ҷаласаи ҳисоботӣ оиди омодагии факултетҳо ба нимсолаи дуюми соли таҳсил баргузор гардида истодааст. Зимнан, дар таърихи 24 январи соли 2023 чунин ҷаласа дар факултети биология баргузор гардид, ки дар муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло, сардори раёсати таълим Искандар Сулаймонов, муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирзозода Шаҳриёр ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласа як қатор масъала, аз ҷумла омодагӣ ба нимсолаи дуюми соли таҳсил, муҳокимаи натиҷаи сессия дар шӯрои олимони факултет ва ҷаласаҳои кафедраҳо, ҷамъбасти даври фаъоли сессияи зимистона, таъйин намудани донишҷӯёни аълохон бо стипендия, ташкили триместр, беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, истифодаи васоити техникии таълим дар дарсҳо, омода намудани дарсҳои видеоӣ, риояи интизоми меҳнат, омодагӣ ба аттестатсияи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
|
Monday, 23 January 2023 07:41 |
There are no translations available.
ҶАЛАСАИ РЕКТОР: ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ МЕНАМОЯД!
Имрӯз ҷаласаи васеи кории Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Дар ҷаласа Аҳлиддин Ибодуллозода якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла фаъолияти қисми илмӣ, ташкили гурӯҳи корӣ вобаста ба санҷиши иқтидори илмии кафедраҳо, танзими назорати электронии раванди ҳозиршавӣ ба ҷойи кор, таҳияи лоиҳаи санадҳои заруриро ҷиҳати фаъолияти литсейи наздидонишгоҳӣ мавриди баррасӣ қарор дод.
|
|