26.03.2025 05:39 |
ИДОМАИ ЧОРАБИНИҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ ОМӮЗГОРОН ВА ДОНИҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПОЙГАИ АСПДАВОНӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “НАВРӮГОҲ”-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ
|
26.03.2025 05:33 |
ОҒОЗИ ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Иштироки фаъолонаи намояндагони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз соати 3-и субҳ дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе.
|
26.03.2025 05:23 |
“ТАҒЙИРЁБИИ ГЛОБАЛИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲОЛАТИ КУНУНИИ ПИРЯХҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”. ТАҲТИ ЧУНИН УНВОН ДАР ДОНИШГОҲ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дар мавзуи “Тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба ҳолати кунунии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
|
19.03.2025 05:35 |
ВОХӮРИИ НАВБАТӢ БАҲРИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Ҷиҳати иҷрои нақша чорабиниҳои амалисозии "Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.08.2022, №222 тасдиқ шудааст, вохӯрии кормандони бахши таъминоти ҳуқуқии ДДОТ ба номи С. Айнӣ бо кормандон ва омӯзгорони факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ва факутети романӣ-германӣ баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зарурияти бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлуб дар ҳар давру замон, аз ҷумла дар замони муосир масъалаи муҳим мебошад.
|
19.03.2025 05:27 |
ҚАДРДОНИИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ
 Дар рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ як қатор омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои илмӣ қадрдонӣ гардиданд.
|
19.03.2025 05:22 |
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, 18 марти соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳи махсус таҷлил карда шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон: Амрико, Фаронса, Олмон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Чин, Корея, ректорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ, аҳли раёсат,
|
19.03.2025 05:11 |
ЗИКРИ НАВРӮЗ ДАР САРЧАШМАҲО ДАР ПАЙВАСТАГӢ БО ШОҲАНШОҲ ҶАМШЕД
Дар натиҷаи тадқиқоти зиёди илмӣ собит шудааст, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон ба шумор меравад. Пайдоиши он аслан ба олами коиноту табиат сахт алоқамандӣ дорад. Тавре аз хулосаҳои олимони риштаи табиатшиносӣ, ба хусус ситорашиносон бармеояд дар давоми сол Офтоб дар байни ситораҳо аз тарафи ғарб ба шарқ аз рӯи даври калон ботадриҷ ҳаракат мекунад. Ҳамин роҳи ҳаракати зоҳирии солонаи Офтобро дар илми нуҷум эклиптика меноманд. Эклиптика аз болои 12 бурҷ Ҳут, Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ ва Давл, ки он минтақаи бурҷҳо номида мешавад, мегузарад. Офтоб дар давоми сол аз қисми ҷанубии кураи осмон ба қисми шимолии он ҳаракат карда, экватори дунёро 21 март дар нуқтаи эътидоли (баробаршавии шабонарӯзии) баҳорӣ ва дар мавриди аз қисми шимолӣ ба ҷануб ҷой иваз карданаш ҳамон экваторро 21-22 сентябр дар нуқтаи эътидоли тирамоҳӣ бурида мегузарад. Яъне, дар давоми сол ду маротиба шабу рӯз баробар мешавад. Дар ҳамин ду маврид, яъне эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ, ниёгони мо ду ҷашн – Наврӯз ва Меҳргонро офариданд. Инчунин, дар

|
19.03.2025 04:53 |
ДАР ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД
Рӯзи 17.03.2025 дар Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони литсей чорабинии фарҳангӣ баргузолр карда шуд.
Дар чорабинии мазкур мушовири ректор Аламов Ҳ., сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мустафозода А., раиси иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён Қодирзода С., омӯзгорону хонандагони литсей ва дигар меҳмонон иштирок ва суханрони намуданд.
|
|
|
|