Friday, 03 May 2024 13:25 |
There are no translations available.
ТАШРИФИ САРПАРАСТОНИ ГУРӮҲҲО БА КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ
Имрӯз сарпарастони гурӯҳҳои академии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (фориғ аз дарс) аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
|
Friday, 03 May 2024 13:23 |
There are no translations available.
ТАҚДИМИ СИПОСНОМАИ САФОРАТИ ОЛМОН БА ДАСТАНДАРКОРОНИ АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бо заҳмату талошҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пас аз солҳои тӯлонӣ Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ боз дар донишгоҳ баргузор гардид.
Тартиби баргузорӣ, банақшагирӣ ва корҳои омодабошии кормандони донишгоҳ қобили таҳсин аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба ин муносибат “СИПОСНОМА”-и сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Донишкадаи Гёте ва намояндагии дафтари Шветсария дар Душанбе ба кормандон тақдим гардид.
|
Friday, 03 May 2024 13:20 |
There are no translations available.
ҶАМЪБАСТИ АНҶУМАН: ИШТИРОКДОРОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД
Рӯзҳои 2- 3-юми майи соли ҷорӣ Анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар кори Анҷумани байналмилалӣ коршиносони забони олмонӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шветсария ва аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 110 нафар муаллимони забони олмонӣ иштирок намуданд.
Дар маросими ҷамъбастии Анҷуман аз тарафи Донишкадаи Гёте ва
|
Friday, 03 May 2024 11:07 |
There are no translations available.
ТОЗАНАШР: БОРИ НАХУСТ БО ҚАРОРИ МУШОВАРАИ ВАЗОАРАТИ МОАРИФ ВА ИЛМ КИТОБИ ҲУҚУҚ АЗ ҶОНИБИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ИНТИШОР ГАРДИД!
Маврид ба зикр аст, ки дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли кишвар ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори олимони соҳаи ҳуқуқшиносии кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби дарсӣ аз фанни “Ҳуқуқ” бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар интишор гардид.
Китоби мазкур фарогири 656 саҳифаи чопӣ буда, барои муаррихон, магистрон ва барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои нафароне, ки ба масъалаҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод карда мешавад.
|
Friday, 03 May 2024 10:31 |
There are no translations available.
Гиромидошт АБАРМАРДИ СИЁСАТ, САРОЯНДАИ СУЛҲУ ВАҲДАТ, МУБАЛЛИҒИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ
Бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гурўҳи устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар хона- музейи устод ҳамоиши фарҳангӣ доир намуданд. Муовини ректор оид ба илм, профессор Дониёр Сангинзод зимни ифтитоҳи маҳфил аз заҳматҳои устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти навини тоҷикӣ ёдовар шуда имброз дошт, ки яке аз мавзуоти дигаре, ки дар осори Турсунзода нақши бориз дорад, тасвири симои Зан-Модар мебошад. Силсилашеърҳои «Модарнома»-и ў, ки дар маҷмуаи «Посбони оташ» гирд омадааст, суруди мутантанест дар ситоиши
|
Thursday, 02 May 2024 03:45 |
There are no translations available.
МАГИСТРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МОҲВОРАИ ҶАВОНОН БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ РАФТАНД
Магистрони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати иҷрои дастури раёсати донишгоҳ дар моҳвораи ҷавонон ва нақша-чорабиниҳо бо мақсади аз наздик шинос шудан аз давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан аз ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ ва ташвиқу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангии кишвар дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури сиёсиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонон ба Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда аз толорҳои ин муассисаи таърихӣ дидан намуданд.
|
Thursday, 02 May 2024 03:43 |
There are no translations available.
ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АГЛИСӢ ДАР МИЁНИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ
|
|
|
|
Page 8 of 313 |