• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
03.05.2024 13:23
There are no translations available.

ТАҚДИМИ СИПОСНОМАИ САФОРАТИ ОЛМОН БА ДАСТАНДАРКОРОНИ АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Возможно, это изображение 5 человек, помост и текст «eryat гузорисулку ryaap супку МхдаТи НТи Чумку H»Бо заҳмату талошҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ пас аз солҳои тӯлонӣ Анҷумани байналмилалии омӯзгорони забони олмонӣ боз дар донишгоҳ баргузор гардид.
Тартиби баргузорӣ, банақшагирӣ ва корҳои омодабошии кормандони донишгоҳ қобили таҳсин аз ҷониби сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, ба ин муносибат “СИПОСНОМА”-и сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Донишкадаи Гёте ва намояндагии дафтари Шветсария дар Душанбе ба кормандон тақдим гардид.

 

 
03.05.2024 13:20
There are no translations available.

ҶАМЪБАСТИ АНҶУМАН: ИШТИРОКДОРОН СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД
Возможно, это изображение 5 человек, храм, помост и текстРӯзҳои 2- 3-юми майи соли ҷорӣ Анҷумани омӯзгорони забони олмонӣ бо ибтикори сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар кори Анҷумани байналмилалӣ коршиносони забони олмонӣ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шветсария ва аз тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум 110 нафар муаллимони забони олмонӣ иштирок намуданд.
Дар маросими ҷамъбастии Анҷуман аз тарафи Донишкадаи Гёте ва
 
03.05.2024 11:07
There are no translations available.

ТОЗАНАШР: БОРИ НАХУСТ БО ҚАРОРИ МУШОВАРАИ ВАЗОАРАТИ МОАРИФ ВА ИЛМ КИТОБИ ҲУҚУҚ АЗ ҶОНИБИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ИНТИШОР ГАРДИД!
Возможно, это изображение книга и текст «БУРИЗОдА Э.Б., КОЗИЁН ш.К., АБДУЧАБОРЗОДА Х.А., ШАРИФЗОДА P. БУРИЗОДА Э.Б., КОЗИЁН Ш.К., АБДУЧАБОРЗОДА X.A., ШАРИФЗОДА P. 中 0 дУКУК»Маврид ба зикр аст, ки дар остонаи 35-умин солгарди Истиқлоли кишвар ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ибтикори олимони соҳаи ҳуқуқшиносии кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китоби дарсӣ аз фанни “Ҳуқуқ” бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар интишор гардид.
Китоби мазкур фарогири 656 саҳифаи чопӣ буда, барои муаррихон, магистрон ва барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои нафароне, ки ба масъалаҳои соҳаи ҳуқуқшиносӣ таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод карда мешавад.

 
03.05.2024 10:31
There are no translations available.

Гиромидошт АБАРМАРДИ СИЁСАТ, САРОЯНДАИ СУЛҲУ ВАҲДАТ, МУБАЛЛИҒИ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ
Возможно, это изображение 13 человек и текстБахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гурўҳи устодону шогирдони Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар хона- музейи устод ҳамоиши фарҳангӣ доир намуданд. Муовини ректор оид ба илм, профессор Дониёр Сангинзод зимни ифтитоҳи маҳфил аз заҳматҳои устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёти навини тоҷикӣ ёдовар шуда имброз дошт, ки яке аз мавзуоти дигаре, ки дар осори Турсунзода нақши бориз дорад, тасвири симои Зан-Модар мебошад. Силсилашеърҳои «Модарнома»-и ў, ки дар маҷмуаи «Посбони оташ» гирд омадааст, суруди мутантанест дар ситоиши
 
02.05.2024 03:45
There are no translations available.

МАГИСТРОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МОҲВОРАИ ҶАВОНОН БА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ РАФТАНД

Возможно, это изображение 4 человекаМагистрони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати иҷрои дастури раёсати донишгоҳ дар моҳвораи ҷавонон ва нақша-чорабиниҳо бо мақсади аз наздик шинос шудан аз давраҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик, махсусан аз ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ ва ташвиқу тарғиби арзишҳои таърихиву фарҳангии кишвар дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани тафаккури сиёсиву маънавӣ, ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии ҷавонон ба Муассисаи давлатии "Осорхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда аз толорҳои ин муассисаи таърихӣ дидан намуданд.
 
02.05.2024 03:43
There are no translations available.

Возможно, это изображение 10 человек, помост и текст

ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АГЛИСӢ ДАР МИЁНИ ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ


 
02.05.2024 03:41
There are no translations available.

Возможно, это изображение 16 человек, люди учатся и текстАЗ БАРГУЗОРИИ ДАРСИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА


 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ