02.05.2024 03:37 |
ТАШРИФИ РОҲБАРИ ДОНИШКАДАИ ГЁТЕИ ОЛМОН БА ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ
29-уми апрели соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Роҳбари минтақавии донишкадаи Гиёте хонум доктор Уҳлиг Ҳайке аз Мюнхени Олмон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф, Сардори бахши забони олмонии донишкадаи Гёте дар Тошканд Дилдора Муҳаммадаминова, Атташеи фарҳанги Сафорат Яна Тисс, кордори сафорат оид ба фарҳанг, матбуот ва сиёсат Афзалшоҳ Ҷабборов дар доираи ташриф мулоқот анҷом дод.
|
26.04.2024 11:44 |
ТОЗАНАШР:ПАЖУҲИШҲОИ ПУРАРЗИШ ДАР “АНВОРИ ДОНИШ”
Дар шумораи нави маҷаллаи илмии “Анвори дониш”- и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ силсиламақолаҳои марбут ба масоили забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ гирд омадаанд. Дар мақолаҳои “Нақши забони миллӣ дар ташаккули худшиносии ҷавонон ва донишҷўён”, “”Калимаҳои антонимӣ дар шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ”, “Заминаҳои пойдорӣ ва рушди забони тоҷикии форсӣ то давраи Сомониён”, “Ҳамбастагии суннатҳои овозхонӣ ва мусиқӣ дар ашъори Озарахш”, “Адабиёт ва арзишҳои маънавӣ дар муқовимат бо ифротгароӣ ва зўроварӣ”, “Ҳунари нигорандагӣ ва сабки Сорбон дар эҷоди ҳикоя”, ”Тарҷумаи рубоиёт ва муфрадоти Саъдӣ” ва ѓ. бозёфтҳои навини илмиро дарёфтан мумкин аст.
Баррасӣ ва пажуҳиши масъалаҳои умдаи соҳаҳои забон ва адабиёт бо дидгоҳи тоза меҳвари аслии мақолаҳои маҷмуаро ташкил медиҳад. Он барои пажуҳишгарони соҳа, устодони донишгоҳҳо, унвонҷўён, ҳаводорони забон ва адабиёт ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
|
25.04.2024 03:11 |
ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ” БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи дастури раёсати донишгоҳ ва иҷроиши нақша-чорабиниҳо дар доираи моҳвораи ҷавонон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 23-май Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон, кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ нимаи дуюми рӯзи 24-уми апрели соли равон мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ректори донишгоҳ” дар байни чаҳордаҳ дастаи донишҷӯписарони факултетҳо оғоз гардид.
Дар маросими оғози мусобиқаи варзишӣ муовини ректор оид ба корҳои
|
25.04.2024 03:08 |
БАРГУЗОРИ ДАРСИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ АЗ ҶОНИБИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз тибқи нақшаи раёсати донишгоҳ дарси омӯзиши забони англисӣ барои омӯзгорон аз ҷониби профессори факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ, муаллифи чанде аз китобҳои омӯзиши забони англисӣ Самидин Ҷоматов баргузор гардид.
|
25.04.2024 03:03 |
ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ: НАТИҶАИ НАЗАРРАСИ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН”
Имрӯз, 24-уми апрели соли равон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи Рӯзи илми кишвар маросими ҷамъбаст ва қадрдонии иштирокдорони Озмуни Ҷумҳуриявии “МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН” баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки дастаи муҳаққиқони ҷавони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо пешниҳоди корҳои хеш сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷумла Олимҷонова Нилуфар, сазовори ҷойи 2 миёни донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии
|
24.04.2024 13:54 |
КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР ГАРДИД
Имрӯз дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҳамкориҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо” баргузор гардид.
Конференсияи мазкур, ки бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ доир гардид, дар он Раҷабалӣ Бобохонзода,сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Душанбе, Ҳомид Саидов, профессори кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатии Донишгоҳи Россия ва
|
24.04.2024 05:58 |
РӮЗИ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ БО ШИРКАТИ САФИРИ ФАРОНСА ТАҶЛИЛ ГАРДИД
Дар тарърихи 23-юми апрели соли 2024 дар толори бинои асосии донишгоҳ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Рухшона, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл, масъули бахши фарҳангии сафорат ва як қатор омӯзгорону донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултети забонҳои романию германӣ баргӯзор гардид.
|
24.04.2024 05:56 |
ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДОНИШГОҲ БАҲРИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
23-юми апрели соли 2024 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар доираи Рӯзи забони фаронсавӣ (Франкофония) ташриф овард.
Зимни ташриф Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ Элза Пинёл, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намуда, ҷонибҳо дар доираи ин ташриф вобаста ба масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо табодули назар намуданд.
|
|
|
|