23.04.2024 06:42 |
There are no translations available.
БАРАНДАИ ҶОЙИ 6-УМ ДАР НИММАРАФОНИ XIV БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҚАДРДОНӢ ШУД
Боронова Маҳина, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, фаъолона ширкат намуда,сазовори ҷойи 6-ум гардида, бо мабғи 16500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
|
23.04.2024 04:57 |
There are no translations available.
ҶАЛАСА: БАҲРИ БЕҲТАР НАМУДАНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БО МАСЪУЛИЯТ БОЯД ТАЛОШ КАРД!
Ректори донишгоҳ бо иштироки муовинон, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуда, дар ҷаласа масъалаҳои назорати донишҷӯёне, ки то ҳол ба дарсҳо дер меоянд, ҳолати ҳозиршавии таҷрибаомӯзон тибқи роҳхат ба мактабҳо, назорати холҳои донишҷӯён, назорати ҷиддии ҳолати дарсшинии омӯзгорон, масъалаи китобхонаи донишгоҳ, назорати барнома ва нақшаву мавзуъҳои талимии омӯзгорон, осорхонаи таърихии донишгоҳ ва таъсиси маркази айнишиноиро мавриди баррасӣ қарор дод.
|
22.04.2024 02:46 |
There are no translations available.
ДДОТ:БОЗДИДИ КАСБОМӮЗОНИ МАРКАЗИ КАСБРМӮЗӢ АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ВА СИНФХОНАҲОИ ЛАБОРАТОРӢ, ОСОРХОНАҲОИ ДОНИШГОҲ
|
22.04.2024 02:43 |
There are no translations available.
БОЗ ДОНИШГОҲ ДАР МАҚОМИ НАМОЁН: 1 ҶОЙИ 6-УМУ 3 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР НИММАРАФОНИ XIV БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Субҳи имрӯз, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад, фаъолона ширкат намуда 4 нафар донишҷӯёни донишгоҳ, аз ҷумла:
Боронова Маҳина, донишҷӯи курси якуми факултети физика сазовори ҷойи 6-ум ва Хоҷаев Ислом, донишҷӯи курси 1-уми факултети забон ва адабиёти рус, Шодиев Сипар, донишҷӯи курси 1-уми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ва Ояҳмадзода Оятулло, донишҷӯи курси 1-уми факултети
|
22.04.2024 02:41 |
There are no translations available.
РӮЗИ ҚАБУЛ: МУРОҶИАТҲО ДАР ДОИРАИ ТАРТИБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАД!
Имрӯз қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори донишгоҳ дар дохили бинои асосии донишгоҳ баргузор гардида, арзу шикоятҳо ва мушкилоту масъалаҳои муроҷиаткунандагон аз ҷониби ректори донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ректори донишгоҳ пас аз шунидани муроҷиатҳо ба масъулини сохторҳои марбут ба муроҷиати шаҳрвандон барои баррасӣ ва ҳали масъалаҳои матраҳшуда дар доираи тартиботи қонунгузорӣ супоришҳои мушаххас дод.
|
22.04.2024 02:39 |
There are no translations available.
МУЛОҚОТИ СУДМАНД ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
Тибқ нақшаи баргузории вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи «Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллии ҷавонон», ки санаи 8 апрели соли 2024 аз тарафи ректори донишгоҳ, профессор Ибодуллозода А. И., тасдиқ шудааст, рӯзи 19 апрели соли равон дар факултети забон ва дадбиёти рус, вохӯрии мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Д. Маҳмудов бо омӯзгорону донишҷӯёни факултет, баргузор гардид. Нахуст бо сухани муқаддимавӣ декани факултет, дотсент Қувватзода Саломат кори чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба Д. Маҳмудов дод.
|
20.04.2024 07:27 |
There are no translations available.
ДДОТ: ИШТИРОКИ РАЁСАТ ДОНИШГОҲ БО ТЕЪДОДИ 700 НАФАР ДАР НИММАРАФОНИ XIV БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Субҳи имрӯз, раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Нммарафони XIV байналмилалии Душанбе, ки бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, бо теъдоди зиёда аз 700 нафар фаъолона ширкат намуда истодаанд.
|
|
|
|