• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.
МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз97
mod_vvisit_counterДирӯз854
mod_vvisit_counterДар ҳафта2428
mod_vvisit_counterХафтаи гузашта4878
mod_vvisit_counterМоҳ951
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта22335
mod_vvisit_counterҲамагӣ717782

Online 8
IP шумо: 216.73.216.20
MOZILLA 5.0,
Now is: 2025-07-02 03:08
25.06.2025 08:39

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАВЗУИ “БУҲРОНИ СИЁСИИ ХОВАРИ МИЁНА ВА ОҚИБАТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ”

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хониши сиёсии навбатӣ бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон ва кормандон баргузор гардид.

Дар он Фатҳидини Замон – сармуҳаррири идораи ҳуқуқ, амният ва мудофиаи “Телевизиони Тоҷикистон” дар робита ба “Буҳрони сиёсии Ховари Миёна ва оқибатҳои геополитикии он ба амнияти сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ” маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, ин мавзуи муҳимро аз паҳлуҳои гуногун шарҳу тавзеҳ доданд.

 
25.06.2025 08:31

ҲАМОИШИ БОШУКӮҲИ СИЁСӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ” ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
 
25.06.2025 08:22

 

ЯРМАРКА
Имрӯз дар Донишгоҳ ярмаркаи маҳсулоти мевагӣ баргузор гардид, ки дар он ҳосили боғи “Агролабораторӣ” пешниҳод шуд. Дар ярмарка гелоси сурху зард, зардолу ва себ бо нархи арзону дастрас ва танҳо ба хотири дастгирии омӯзгорону кормандон пешниҳод карда шуд.

 

 
25.06.2025 08:13

БА КОРМАНДОНИ ҚИСМИ ХОҶАГИИ ДОНИШГОҲ КӮМАКҲОИ МОДДӢ РАСОНИДА ШУД
Аз ҷониби раёсати донишгоҳ дар арафаи Иди Қурбон баҳри дастгирии кормандони қисми хоҷагидорӣ ба 130 нафар кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.
Кӯмакҳои моддӣ аз картошка, пиёз, макарон, шакар, равған ва орд иборат мебошанд.

 
25.06.2025 08:15

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 09.06.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
25.06.2025 06:42

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ
3-юми июни соли 2025 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаии умумии №53-и ноҳияи И. Сомонӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия маросими қадрдонӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуривии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” баргузор гардид.
Хонандагони Литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ду ҷой: Алламова Фараҳнуш аз номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” сазовори ҷойи якум, Қурбонализода Алиакбар аз номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин омӯзгорон ва волидайни хонандагон низ бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.

 
25.06.2025 06:23

 

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМ ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ ИЛМӢ-МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ
03.06.2025 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм, профессор Раҷабзода Сироҷиддин ҷаласаи Шурои илмӣ-методии Донишгоҳ доир шуд, ки асосан се масъаларо мавриди баррасӣ қарор дод. Масъалаи аввал натиҷаи фаъолияти илмӣ ва илмию методии магистрон дар соли таҳсили 2024-2025 буд ва пиромуни он мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию-омӯзгорӣ Ахиева Саодат гузориш дод.
 
25.06.2025 06:15

 

ИШҒОЛИ ҶОЙИ 1-УМ ДАР «ДАВИ ЭКОЛОГӢ БАРОИ ПИРЯХҲО»
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ва манзараҳои зебои кӯҳии Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» «Дави экологӣ барои пиряхҳо» баргузор гардид.
Дар ин дав омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Одинаев Меҳробҷон Довудович дар масофаи 5 км ғолиби ҷойи 1-ум гардида, бо медал ва дигар туҳфаҳои таъсисдодаи Кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуд.
Муборак бошад!!!

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ