• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
01.03.2021 06:42

 

gerb01.jpg - 4.50 Kb

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоиза, мукофот ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

 
01.03.2021 06:34

 

gerb01.jpg - 4.50 Kb

АМРИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҷоизаҳо ва рӯйхати адабиёти тавсияшавандаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).

3. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, ғолибони озмун ва омӯзгорону падару модаронеро, ки шогирдону фарзандонашон дар даври ҷумҳуриявии озмун барандаи ҷоизаҳо шуданд, бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ намоянд.

 
27.02.2021 17:34

 

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА

3.jpg - 96.82 KbСубҳи 27-уми феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе  омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳия ба тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳаллаҳои аҳолинишин ва ҷуйҳои обгузар шанбегии дастаҷамъона таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” баргузор гардид.

 
27.02.2021 17:11

 

ВОХӮРИИ САРДОРИ РАЁСАТИ ВКД БО

ДОНИШҶӮЁНИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ


6.jpg - 31.94 KbРӯзи 25-уми феврали соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода зимни суханронии худ ҳозиринро хушомадед намуда, аз саҳми мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа ибрози андеша намуда, ба фаъолияти шабонарӯзиву хастанопазири кормандони милитсия изҳори сипос намуд. Сипас, сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенант Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ доир ба хатари рӯзафзуни терроризму экстремизм, ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам андеша ронд.

 
27.02.2021 17:22

 

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮДУХТАРИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ «ЧАКОМАИ ГЕСӮ»

5.jpg - 76.85 KbРӯзи 24-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фестивали шаҳрии “Чакомаи гесӯ” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони ноҳияҳои пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Нахуст иштиркочиёни фестивал аз намоиши анвои гуногуни ороишоти миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯю рӯй ва ғайра, ки аз ҷониби занону бонувони ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва И.Сомонӣ ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуданд.

 
24.02.2021 10:27

 

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ ПАЁМИ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁН

1.jpg - 64.42 KbИмрӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси банди махсуси нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрӣ доир ба расонидани мӯҳтавои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрии имрӯза Ато Мирхоҷа- муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Бузургмеҳри Тоҷиддин- шоири ҷавон, ҷоизадори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сайалӣ Шаҳобов-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Амирҷон Иброҳимзода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияиф Исмоили Сомонӣ, Ҳамроҳи Ҳамза мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Маъдӣ Абдураҳмонов мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Давлатшоҳ Каримов сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

 
24.02.2021 05:15

 

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР

ФАКУЛТЕТИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ВА ИБТИДОӢ

 

52.JPG - 188.78 KbСанаи 23-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Дилшод Раҷабов, Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ, декани факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Мадатзода Манзура Тоҷиддин, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Давлатшоҳ Каримов ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ ифтитоҳ гардида, сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ зимни баромади худ иброз дошт, ки “Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, дар рушду нумӯ, оромиву осудагӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар нақши созгор дорад”.

 
23.02.2021 10:31

 

 

Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори

28-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон


50.png - 233.61 Kb23.02.2021 11:17, шаҳри Душанбе

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 - солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ