• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Tuesday, 23 February 2021 10:24
There are no translations available.

 

Суханронӣ ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

49.png - 220.45 Kb23.02.2021 11:00, шаҳри Душанбе

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихор тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд доранд.

 
Monday, 22 February 2021 10:38
There are no translations available.

 

ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ

38.JPG - 141.73 KbРӯзи 22-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори Шӯрои олимон ҳамоиши умумидонишгоҳӣ бо иштироки декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ва мудирони кафедраҳо, инчунин устодону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ таҳти унвони “Забони модарӣ ва истиқлоли миллӣ” баргузор гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Р., маҷлисро оғоз намуда доир ба забони модарӣ ва мақоми он суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуд, ки “Забони мо дар ҳама даврони таърихи гузашта аз омилҳои муҳими иттиҳоди мо буд.

 
Monday, 22 February 2021 10:33
There are no translations available.

 

ВАТАН ҲАРФИ ПОКИ САДОЯМ ТУӢ

36.JPG - 226.14 KbБо чунин мақсад, санаи 22-уми феврали соли равон дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд. Чорабинӣ  бо сухани табрикотии омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ҳамин факултет  н.и.ф., Равшани Ҳамроҳ оғоз шуда, доир ба Артиши миллии  кишвар, ки рӯз ба рӯз пуриқтидор гардида истодааст, андеша ронд.

 
Monday, 22 February 2021 04:42
There are no translations available.

 

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЪТИМОДИ ВАТАН

20.JPG - 201.78 KbРӯзи 19-уми феврали соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., сардори собиқадорони ҷангу меҳнаи ВКД ҶТ, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аҳли раёсат ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, тамоми омӯзгорону кормандони донишгоҳро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд. Пас аз он, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз ҳисоби донишгоҳ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 
Saturday, 20 February 2021 09:08
There are no translations available.

 

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

32.JPG - 230.13 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 20-уми феврали солии 2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, чорабиниро муовини декан оид ба корҳои таълим Умедҷони Лоиқшо ҳусни оғоз бахшид. Пас аз он, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ-сипари боэътимоти Ватан” доир ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як вазъияти душвор бо азму иродаи қавӣ Артиши миллиро таъсис додаанд, андешаронӣ намуд.

 
Saturday, 20 February 2021 08:01
There are no translations available.

 

НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ПЕШГИРИИ

ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

16.JPG - 204.67 KbДирӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши илм ва маориф дар пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фалсафаи фарҳанг доир гардида, дар он ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б.  Акобир Мирзораҳимов, мудирони кафедраҳои  сиёсатшиносӣ, фалсафа, фалсафаи фарҳанг, педагогика, забони фаронсавӣ ва инчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст, ноиби ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба мудири кафедраи фалсафаи фарҳанг н.и.ф., дотсент Зикирзода Ҳ. дод. Мавсуф дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизми динӣ падидаҳои хатарноки ҷомеаи инсонӣ” баромад намуда, аз нооромиҳои ҷаҳони муосир, дасисаҳои ҷангҷӯёни кишварҳои ҷангзада намунаоварӣ намуд.

 
Friday, 19 February 2021 12:37
There are no translations available.

 

“ҚУДСИЁН ГӮӢ, КИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ АЗ БАР МЕКУНАНД”

11.jpg - 97.03 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 19-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё маҳфили “Ҳофизхонӣ” бо иштироки донишҷӯёни соли якум баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Ш.Исрофилниё аз ангушшумортарин муҳаққиқи осори классикон мебошад. Дар маҳфили навбатӣ професср Ш.Исрофилниё чанд байте аз девони Ҳофиз таҳлил ва маънидод намуд, ки воқеан ҳам ҷаҳон-ҷаҳон маъниро дар худ таҷассум мекард.

 


Page 124 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в