There are no translations available.
Бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ воҳиди сохтори қисми таълимӣ ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардану малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкарда равона шудааст. Шуъба кору фаъолияти худро тибқи «Низомнома»-и таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар роҳ мондааст. Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд: ташаккули ҷаҳонбинии дурусти илмӣ ва идеявии донишҷӯён, аз худ намудани намудҳои маъмули фаъолияти тарбияи идеявӣ; бадастории сифатҳои касбии шахсияти омӯзгори оянда ва сифатҳои шахсии мутахассис, ки ба талаботи ҷамъият ҷавобгӯ бошанд; тарбияи муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбати ихтисоси омӯзгорӣ; ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ, ки асоси ташкили хуби корҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба ҳисоб мераванд, аз бар намудани усулҳои таълиму тарбия; дар амал ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани алоқаи фанҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд; шиносоии донишҷӯён бо ҳолати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва раҳнамоии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалҳои таълимиву тарбиявӣ; ба роҳ мондани муносибатҳои ҳамкории донишҷӯён бо талабагон, омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо; коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои кори худ, ба роҳ мондани талабот ба худомӯзӣ.
Мақсади таҷрибаомӯзӣ
ташкил ва баланд бардоштани маҳорати тахассусии донишҷӯён дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, мактаб ба чорабиниҳои мактабӣ, ташкилот, корхона, малака ҳосил кунондан дар корҳои мустақилонаи мутахассисони оянда, дар шароитҳои муайяни омӯзгорӣ аст. ташкили гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, мундариҷаи таҷрибаомӯзӣ, вазифаҳои инфиродӣ, талаботи ҳисобот дар бораи таҷрибаомӯзӣ, ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ. Намуд ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ аз рӯи стандарти таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ муайян карда шуда, бо барномаҳои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраҳо коркард ва муайян мегардад. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ бо мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ шартнома ва ҳамкории зич дорад.
- Барномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ.pdf
- Рӯзномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ.pdf
|